Ифтитоҳи филиали 86-уми Тоҷиксодиротбонк дар шаҳри Исфара

Октябрь 12, 2013 17:14

Душанбе, 12 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази шаҳри Исфара аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон филиали 86-уми Тоҷиксодиротбонк ифтитоҳ ёфт.Зимни боздид аз ин бинои нави боҳашамат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, дар он бо назардошти ошхонаю меҳмонхонааш 40 нафар бо кори доимӣ ва маоши аз ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ таъмин гардидаанд. Зикр гардид, ки аз ҷониби ин бонк дар шаҳри Исфара бо назардошти ду маркази хизматрасонӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳу Ворух 64 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Тавре таъкид гардид, беш аз 50% ҳамаи кормандони ин бонкро занону духтарон ташкил медиҳанд.Иттилоъ доданд, ки сандуқи қарзии Тоҷиксодиротбонк дар шаҳри Исфара аз 16 миллион сомонӣ иборат аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 12, 2013 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд