Ифтитоҳи филиали Бонки саҳҳомии Агроинвестбонк дар Шуғнон
Душанбе, 9 октябр (АМИТ «Ховар»).-Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон филиали Бонки саҳҳомии Агроинвестбонк ифтитоҳ ёфт.
Зимни шиносӣ бо ин бинои зебо, аз ҷумла зикр гардид, ки то ин вақт Агроинвестбонк дар ноҳияи Шуғнон танҳо як маркази хизматрасонӣ дошт. Бо ифтитоҳи филиал шумораи кормандони ин бонк дар ноҳияи Шуғнон 12 нафар афзун гардид.
Чунонки иттилоъ доданд, то ин вақт сандуқи қарзии ин бонк дар ин ноҳияи Шуғнон аз 3,5 миллион сомонӣ иборат буд. Акнун ин нишондод низ бояд афзун гардид ва ба аҳолии ноҳияи Шуғнон, ки танҳо дар шаҳраки Ваҳдат 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, хизматрасонии босифат пешниҳод карда шавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






