Ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ ва оғози сохтмони беморхонаи муосир дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Фархор

Октябрь 27, 2013 13:50

Дар деҳаи Тоҷикистони ҷамотаи деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаби нави таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Зимни шиносоӣ бо шароити мактаби навбунёд, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бинои сеошёна аз ҷониби Диловар Муҳиддинов, ки соҳибкори тоҷик дар Федератсияи Русия мебошад, бо харҷи 7 миллиону 245 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои 420 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.Аз ин маблағҳо қариб 750 ҳазор сомонӣ ба хариди таҷҳизот ва ашёи таълимӣ сарф гардида, синфхонаҳои фаннии мактаб мувофиқ ба талаби замон муҷаҳҳаз шудаанд.Тавре иттилоъ доданд, сохтмони ин мактаб ҳанӯз солҳои 80 уми асри гузашта оғоз шуда, танҳо ошёнаи аввал ва қисмате аз ошёнаи дуюми он бунёд ёфта будааст. Бо сабабҳои маълум аввали солҳои 90 ум сохтмон қатъ гардида буд.Аз ин хотир ин соҳибкори маҳаллӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаю созандагии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, сохтмони ин иншооти таълимиро ба итмом расондааст.Тавре аён гардид, мактаб дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи босифати хонандагон аст.Дар ҳудуди ҳамин деҳа аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асоси як маҷмааи тиббӣ, ки аз беморхона, таваллудхона ва дармонгоҳ иборат хоҳад буд, гузошта шуд.Мавриди зикри хос аст, ки ин иншоот низ аз ҷониби ҳамин соҳибкори ватандӯст, Диловар Муҳиддинов сохта ва бо таҷҳизоти тиббии аврупоӣ муҷаҳҳаз карда мешавад.Дар ин иншоот беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Октябрь 27, 2013 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард