Ифтитоҳи варзишгоҳи дорои 4 ҳазор ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара
Душанбе, 12 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи бошукӯҳ ифтитоҳ ёфт.Тавре аён гардид, ин варзишгоҳ дорои майдони калони варзишӣ бо 4 ҳазор нишаст барои тамошобинон ва толори зебои обутоби бадан ва дигар толору утоқҳои зарурӣ аст.Ин иншооти варзишӣ, ки боиси шодию нишоти наврасону ҷавонон ва ҳама дӯстдорони тарзи ҳаёти солим дар ин ҷамоат гардидааст, бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Мухтор Ҳомидов ва Сахиюлло Азизов дар муддати кӯтоҳ бунёд ёфтааст.Кунун роҳбарият ва мардуми ин ҷамоат имкон доранд, ки дар варзишгоҳ натанҳо чорабиниҳои васеи варзишӣ, балки тантанаҳои оммавии фарҳангӣ низ ба роҳ монанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин варзишгоҳи зеборо ба мардуми ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара табрику таҳният гуфта, ба соҳибкорони онро бунёднамуда барои дастгирӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати кишвар ва саҳмгузорӣ дар тарбияи варзишгарони номбардори давлату миллат арзи сипос кард.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






