Интишори гузориш дар мавзӯи «Вазъияти иҷтимоию иқтисодии ҶТ»
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанд рӯз пеш Агентии омори назди Президенти ҶТ гузориши «Вазъияти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро аз чоп баровард, ки он таҳлилро дар заминаи маълумоти аниқ, аз ҷумла маълумоти бахшҳои андозу буҷет, молия, хориҷию иҷтимоӣ, ҳамчунин маълумоти мухтасарро дар бораи кишварҳои ИДМ, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2011 «Дар бораи натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 ва вазифаҳои соли 2011» Дар бар мегирад. Назар ба хабари сомонаи расмии Агентии омор, манбаҳои асосии иттилоот барои гузориш иборат аз маълумоти расмии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва аҳолӣ мебошанд. Маълумот бо усули таҳқиқи интихобӣ ва шаклҳои дигари мушоҳидаи омории вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст. Гузориш барои мақомоти идораи давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, кормандони соҳаи омор, иқтисоддонҳо, коркунони илмӣ ва мутахассисоне, ки ба маълумоти оморӣ дар бораи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд, пешбинӣ шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






