Иштироки Ҳ. Зарифӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ
Душанбе, 25 октбяр. (АМИТ «Ховар»).- 24 октябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар арафаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск иштирок намуд. Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба доираи васеи ҳамгироии мутақобила дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, як силсила ҳуҷҷатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмини амният ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи гуманитарӣ дар бар мегиранд. Аз ҷумла, масъалаҳои омодагӣ ба ҷашнгирии 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945), ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳод дар соҳаи сайёҳӣ то соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаи чораҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, хариду фурӯши одамон тасдиқ гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






