Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ
Душанбе, 25 октябр (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ ба ҳайси меҳмон иштирок ва андешаронӣ кард.Ба ҳайси меҳмон дар ин ҳамоиш, ҳамчунин сарони давлатҳои Арманистону Украина ва намояндаи Қирғизистон иштирок доштанд.Дар ин ҳамоиш масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамгироии иқтисодӣ, муттаҳидсозии имконоти муштарак, дурнамои тавсиаи Иттиҳоди гумрукӣ ва ташкили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баррасӣ шуд.Хотиррасон бояд намуд, ки ба Иттиҳоди гумрукӣ давлатҳои Белорус, Русия ва Қазоқистон шомиланд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






