Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон ва мулоқот бо тоҷикону ҳамватанони муқими Белорус
Душанбе, 24 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Беларусро, ки дар мавзеи хушбоду ҳавои як гӯшаи шаҳри Минск қарор дорад, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Ҳамчунин садо додани Суруди миллӣ ва бардошта шудани Парчами Тоҷикистон аз ифтитоҳи бинои нави Сафорат дар Ҷумҳурии Белорус башорат дод.Тавре аён гардид, бинои нави Сафорат сеошёна буда, дар он тамоми шароити корию маишӣ барои кормандон ва қабули меҳмонон муҳайё гардидааст. Бинои Сафорат дорои толори барҳавои маҷлисӣ, утоқҳои муҷаҳҳази корӣ, ошхона, ҳавлии зебо ва боғи дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафкан мебошад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ роҳбарият ва кормандони Сафоратро бо ифтитоҳи бинои нав табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд самараи кори онҳо дар роҳи рушди муносиботи ҳасанаи Тоҷикистону Беларус бештару беҳтар мегардад.Табрикоту таманниёти наку ба онҳо, ҳамчунин аз ҷониби Муовини сарвазири Ҷумҳурии Белорус Анатолий Калинин баён гардид.Дар боғи зебои Сафорати Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини сарвазири Ҷумҳурии Белорус Анатолий Калинин яктогӣ ниҳоли себ шинонда шуд.Дар толори маҷлисии бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Белорус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо наздики 100 нафар тоҷикону ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд. Тавре аён гардид, қисмате аз иштирокдорони мулоқот донишҷӯён мебошанд, ки дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии Белорус таҳсили илм мекунанд. Умуман дар Ҷумҳурии Белорус ҳоло беш аз 200 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳсили илм доранд.Сипас миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва тоҷикону ҳамватанони муқими Белорус маҳфили пурсишу посух баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






