Истиқлол 20 – сола шуд

Октябрь 1, 2013 12:48

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) – и вилояти Суғд ба ифтихори 20 – солагии мақоми шаҳрро пайдо намудани он ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор шуданд.Назар ба хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, рӯзҳои гузаштаи истироҳат дар ин шаҳр якчанд ҷамъомаду мулоқот ва консертҳои идона роҳандозӣ шуданд.Мувофиқи маълумоти манбаъ, аз ҷумла 75 — солагии шӯрои шаҳраки Табошар ва 45 – солагии корхонаи маъруфи «Заря Востока» таҷлил гардиданд. Хотирнишон месозем, ки дар ҳоли ҳозир аҳолии шаҳри Истиқлол 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Октябрь 1, 2013 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш