Кӯмаки Президент ба ятимони кулли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Душанбе, 9 октябр (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар шаҳри Хоруғ ба кӯдакону наврасони аз падару модар ятиммондаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмаки моддӣ расонд.Тавре зикр гардид, дар тамоми қаламрави ин вилоят 183 нафар кӯдаку навраси аз падар ва ҳам модар ятиммонда ба сар мебаранд. Дар ин ҷо 161 нафар аз шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рушон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб аз кумаки моддии Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бархӯрдор гардиданд. Ба 22 нафари дигар аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ дар ноҳияи Дарвоз кумаки моддии Президенти кишвар дирӯз дастрас гардида буд. Кумак аз маҷмӯи пурраи сару либоси зимистона, дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо як миқдор маблағи пасандоз барои оянда ва туҳфаҳои хотиравӣ иборат аст. Ба ятимони маъюб, ҳамчунин аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз кӯдакону наврасони ятим даъват намуд, ки дилшикастаю рӯҳафтода набошанд, зеро онҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат қарор мегиранд. Таъкид гардид, ки то хатми мактаби миёна ва муассисаҳои миёнаю олии касбомӯзӣ ва ҳам бо кор таъмин шудан онҳо аз чунин ғамхорӣ бархӯрдор хоҳанд буд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






