Калашников истифодаи таҷрибаи ҳамдигарро муҳим арзёбӣ кард

Октябрь 3, 2013 15:58

Душанбе, 3 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масоили марбут ба ҳамкорӣ байни Парлумони Тоҷикистон ва парлумонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии /АБ/ ИДМ дар Душанбе матраҳ гардид. Шукурҷон Зуҳуров сафари ҳайати Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистонро барои тақвияти муносиботи дӯстонаи кишварҳои ИДМ муҳим арзёбӣ намуд. Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки Парлумони Тоҷикистон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо Парлумонҳои кишварҳои ИДМ саҳми муносиб гузошта, талош дорад, ки асосҳои ҳуқуқӣ дар ин замина фароҳам оварда шаванд. Дар ин самт санадҳои зиёди танзимкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расидаанд, ки равобити ин кишварҳоро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ба танзим медароранд. Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки густариши муносиботи байниҳамдигарӣ дар бахшҳои туризм, иттилоъ ва варзиш барои бештар ошно гардидани мардумони кишварҳои ИДМ аз мавзеъҳои туристӣ ва таърихии кишварҳои якдигар мусоидат менамояд. Сергей Калашников -роҳбари ҳайати Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия аз раванди ҳамкории парлумонҳои ИДМ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон ба тақвияти ҳарчи бештари ин муносибот таъкид кард. Сергей Калашников гуфт, ки ташрифи ҳайати парулмонҳои ИДМ ба Душанбе ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои ИДМ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, ҳуқуқи инсон мусоидат хоҳад кард. Таъкид шуд, ки истифода аз таҷрибаи якдигар, дар заминаи таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ барои парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ муҳим аст.

Октябрь 3, 2013 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш