Конфронси илмиӣ -амалӣ бахшида ба 30 — солагии таъсисёбии мамнўъгоҳи табиӣ-давлатии «Дашти Ҷум»
Душанбе, 14 октябр (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Рўзи 11 октябри соли ҷорӣ дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши мамнўъгоҳи табиӣ-давлатии «Дашти Ҷум» дар ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвоноти нодир» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Академияи илмҳои ҷТ, мутахассисону коршиносон ва намояндагони ВАО-и кишвар иштирок доштанд. Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ойхон Шарифова ифтитоҳ кард. Пас аз анҷоми қисми расмӣ дар назди ҳозирин узви вобастаи АИ ҶТ, директори Институти ботаника Ҳисориев Ҳ., сардори МД ҲТММ (Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда), номзади илмҳои биологӣ Саидов Н. дар мавзўи «Нақши мамнўъгоҳи «Дашти Ҷум» дар ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвоноти нодир», олими ботаник аз ш. Кўлоб Бобоев Т. дар мавзўи «Растаниҳои нодиру камёфти мамнўъгоҳи табиӣ-давлатии «Дашти ҷум» ва роҳҳои ҳифзу парвариши онҳо», сардори раёсати хоҷагии ҷангал ва ҲТММ Қурбонов Ш. дар мавзўи «Нақшаи идоракунии мамнуъгоҳ ва нақшаи амали дурнамои он», муовини директори мамнўъгоҳи «Дашти Ҷум» Қодиров М. дар мавзўи «Ҳолати имрўза ва роҳҳои таъмини беҳдошти мамнўъгоҳ» маърўза карданд. Иштирокчиёни конфронс баъди муҳокимаи маърўзаҳо барои беҳдошти вазъи ояндаи мамнуъгоҳ як қатор тавсияҳо пешниҳод намудаанд.Рўзи 12 октябри соли ҷорӣ дар маркази мамнўъгоҳи Дашти Ҷум ба ифтихори таъсисёбии 30 — солагии мамнўъгоҳ ҷашни тантанавӣ баргузор гардид. Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ш. Раҷабов, Раиси ноҳияи Шўрообод А. Икромов, сардори МД ҲТММ Н. Саидов дар назди ҳозирин бо суханҳои табрикӣ баромад карданд. Сипас меҳмонон аз осорхонаи мамнўъгоҳ дидан ба амал оварданд. Дар доираи баргузории ҷашн ба кормандони фаъоли мамнўъгоҳ тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






