Кумаки моддии Президент ба ятмони кулл ва кӯдакону оилаҳои ҷавони ниёзманди ноҳияи Фархор
Дар маркази ноҳияи Фархор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тӯйи хайрияи арӯсию домодӣ ва хатнасури кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуд.Тавре зикр гардид, бо саҳмгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба таври дастаҷамъона тӯйи хайрияи арӯсию домодии 15 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 150 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҷуфти ҷавон ва кӯдаки хатнашаванда кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо 38 нафар кӯдакону наврасони аз падару модар ятиммондаи ноҳия суҳбат намуда, ба ҳамаи онҳо кумаки яквақтаи моддӣ расонд. Таъкид гардид, ки ин кӯдакону наврасон то синни балоғат расидану ба ҳаёти мустақил қадам гузоштан бояд пайваста аз ғамхорию дастгирии мақомоти масъули давлатӣ бархӯрдор бошанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






