Кумитаи ҳифзи муҳити зист: Омодагӣ ба сардиҳо қаноатбахш аст
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Дирӯз дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи нуҳмоҳаи фаъолияти кумита шунида шуд. Кумита ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014» корҳои муайянеро ба сомон расонид. Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор оид ба сари вақт омода намудани соҳа ба давраи тирамоҳу зимистон, то имрўз барои таъмини соҳаҳои ёрирасони хоҷагии ҷангал (чорводорӣ ва занбӯрпарварӣ) барои хўроки зимистонаи чорво 1450 тонна хошоки дурушт ва 53 тонна хўроки омехта захира шудааст. Таъмини оилаҳои занбӯр бо лавозимоти зарурӣ, таъмири биноҳои маъмурӣ, анборҳои нигоҳдории маҳсулот, биноҳои ёрирасон, кашарҳо ва биноҳои маъмурии сохторҳо идома дорад. Аз тарафи Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади аз фасли зимистон баровардани ҳайвонҳои ваҳшӣ ва паррандагон то имрӯз зиёда аз 100 тонна алафҳои табиӣ ва хошок, 8,5 тонна хӯроки серғизо, 6,8 тонна ғалладонагӣ, 17 тонна намак захира гардида, 257 охурчаҳо ва 255 майдончаҳои ғизодиҳӣ, 65 адад паноҳгоҳҳо барои ҳайвонот ва 180 чашмаҳои обнӯшӣ омода шудаанд. Илова бар ин, муассиса барои харидории 9,5 тонна ғалла, 3,4 тонна ҷав, 2,6 тонна коҳ ва 9 тонна намак ба сохторҳои марбутаи худ маблағи заруриро ҷудо намудааст. Бо мақсади ҳифз ва аз партовҳо тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳоли¬ни¬шин ва соҳили дарёву каналҳо амалиёти умумиҷумҳуриявии ҳармоҳаи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» ташкил гардиданд. Дар амалиёти мазкур бештар аз 184 ҳазор нафар сокинони маҳал, донишҷўён ва кормандони корхонаву ташкилотҳо иштирок намуда, бештар аз 1152 километр соҳили дарёҳо, каналҳои магистралӣ, обан¬борҳо, ҷўйборҳо ва дигар манбаъҳои обиро тоза карданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






