Леонид Кожара: «Барои САҲА ва Украина тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон муҳим аст»
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожара як қатор масоили вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин созмон ва ҳамкориҳои бевосита бо Украина мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Леонид Кожара пас аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма гуфт, «мо бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳо дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро баррасӣ намудем. Тоҷикистон барои САҲА яке аз кишварҳои муҳим ба шумор меравад, аз ин рӯ дар ин самт бояд ҳамкориҳо тақвият дода шаванд».
Ба иловаи Вазири корҳои хориҷии Украина дар ин мулоқот аз натиҷаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсию ҳарбӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва ҳам гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.
«Барои Украина таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон бисёр муҳим аст, аз ин лиҳоз мо тасмим дорем, ки ҳам ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаро дар доираи созмонҳои мухталифи байналмилалӣ тақвият бахшем»- иброз намуд Леонид Кожара.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






