М. Муҳамадиев рӯихати бозингарони дастаи миллии кишварро муайян кард

Октябрь 4, 2013 13:24

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳайати дастаи миллии кишварро барои бозии дӯстона бо мунтахаби Қирғизистон эълон кард.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, ба ин бозии дӯстона, ки 15-уми октябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, 24 бозингар аз дастаҳои лигаи олии кишвар интихоб гардидааст.Бино ба иттилои манбаъ, сармураббии дастаи миллии кишвар ҳамчунин бозингарони кишварро, ки бо дастаҳои хориҷи кишвар шартнома доранд, даъват кардааст.Дастаи миллии кишвар омодагии худро аз 7-уми октябр дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор оғоз хоҳад кард.

Октябрь 4, 2013 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш