Маҷлиси ниҳоии Кумитаи роҳбарии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 2 октябр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Маҷлиси дуюм ва ниҳоии Кумитаи роҳбарии лоиҳаи «Дастгирии фаъолияти самараноки Донишкадаи молияи Тоҷикистон» (SEFTFI) 1 октябр дар Душанбе баргузор гардид. Ба аъзои кумита оид ба натиҷаҳои марҳилавию хотимавии лоиҳа ва таъсири онҳо ба фаъолияти донишкада маълумот дода шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Иттиҳоди Аврупо хабар доданд, лоиҳаи мазкур (аз тарафи Hulla and Co. Human Dynamics татбиқ мегардад) ба донишкада дар кори аз нав дида баромадани сохтор, барномаҳои таълимӣ ва якҷоя таҳия намудани барномаю курсҳои нав ба хотири қонеъгардонии талабот ба таълими молиёти давлатии ҷомеаи муосир кӯмак расонд. Донишкада ҳоло дид ва мароми муайян, сиёсат ва тартиби идораи муосир дорад. Донишкада ба туфайли сафари кормандонаш ба Гурҷистон, Қирғизистон, Нидерландия ва Британияи Кабир, муносибатҳои байналмилалиро барпо намудааст, ки ин ҳамкории илмии байналмилалиро имкопазир месозад. Лоиҳа конфронсҳои байналмилалиро дар соҳаи молиёти давлатӣ ташкил намуда, курси идораи ҳозиразамони молиёти давлатиро бо тамоми маводи дидактикӣ таҳия намудааст, ки барои донишҷӯёни соли охири таҳсил бори аввал тирамоҳи соли мазкур пешниҳод шудааст. Лоиҳа моҳи декабри ҷорӣ ба анҷом мерасад, аммо бо назардошти омодагии Вазорати молия, ректор ва роҳбарияти донишкада барои тақвияти ислоҳоте, ки ба такмили ихтисоси кормандони донишгоҳ равона гардидаасту ба баландшавии сатҳи таҳсил ва дониши донишҷӯён меорад, лоиҳа аз тобистони соли 2014 барои се сол ҳамчун қисми «Барномаи дастгирии ислоҳоти идораи молиёти давлатӣ» барои солҳои 2014-2016 шояд давом дода шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






