Маскав: Муҳоҷирони тоҷик аз муҳлати 15 рӯзаи қайд озод мешаванд
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Қарор аст, имрӯз Ҳукумати Федератсияи Русия масъалаи имзои Протокол дар бораи тағйирот дар Муоҳада миёни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз 16-уми октябри соли 2004-ро баррасӣ кунад.
Дар ин бора субҳи имрӯз хадамоти матбуотии ҳукумати Русия иттилоъ дод.
Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия лоиҳаи имзои протоколи мазкурро ироа кардааст ва гуфта мешавад, ки он бар асоси Ёддошти тафоҳум дар бораи рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти муҳоҷират таҳия гардидааст.
Дар Ёддошт ҳадафнок будани таҳия ва имзои муоҳадаи байналмилалие, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозати татбиқи фаъолияти меҳнатиашонро ба муддати се сол дар Федератсияи Русия барои будубош медиҳад, дар назар дошта шудааст.
Дар сурати қабул шудани пешниҳодоти лоиҳа, инчунин масъалаи аз ҷониби президенти Русия барои тасвиб ба парлумон ироа кардани Муоҳада миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия низ баррасӣ мегардад.
Тибқи лоиҳаи пешниҳодӣ шаҳрвандони Тоҷикистон аз уҳдадории сабти ном дар мақомоти салоҳиятдори маҳалли вуруд дар муддати 15 рӯз аз таърихи ворид гардидан озод мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






