Мизи мудаввар дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Натиҷаҳои ба даст овардаи Лоиҳа дар давраи аз моҳи июни соли 2012 то октябри соли 2013» бо Лоиҳаи муштараки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Рушди СММ ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (бо маблағгузории Хазинаи глобалӣ) оид ба пешгирии ВНМО/БПНМ мизи мудаввар баргузор гардид. Тибқи Созишномаи байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Барномаи Рушди СММ дар бораи татбиқи Барномаи «Паст намудани сатҳи болоравии бемории ВНМО/АНММ (ВИЧ/СПИД) дар Тоҷикистон» ва бо кўмаки молиявии Хазинаи глобалӣ Барномаи пешгирии ВНМО/АНММ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо аз соли 2005 то ҳол дар 5 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ- Исфара, Рўдакӣ, Варзоб, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва аз соли 2009 дар 5 шаҳру ноҳия- Қайроққум, Норак, Бохтар, Данғара ва Шаҳринав амалӣ мегардад. Мақсади асосии ин барнома ҳиссагузорӣ ва бартарафсозии ВНМО/БПНМ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо тавассути паҳн намудани маводи иттилоотӣ, дастрасии маводи пешгирикунанда ва додани тавсияҳо оид ба интихоби тарзи ҳаёти солим мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






