Муҳокимаи нуқсонҳои фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 30 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати ҷилавгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар баргузор гардид.Тавре ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар медиҳад, дар ҷаласа гузориши сардори шӯъбаи назорати гардиши маводи нашъаовар ва ҷилавгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовар Алишер Ташрифов дар бораи натиҷаи тафтиши фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозии ноҳияҳои шаҳри Душанбе шунида шуд.Алишер Ташрифов зикр намуд, ки нуқсонҳои фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ иборат аз сари вақт доир накардани ҷаласаҳои шӯроҳо, мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва фаъолияти сусти шӯроҳо дар амри ҷилавгирии нашъамандӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 1 июли соли 2013 дар пойтахти кишвар теъдоди нашъамандон 3 ҳазору 158 нафарро ташкил додааст. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои ташкили кори судманд протоколи ҷаласаро таҳия намуд. Дар он шӯроҳои ҳамоҳангсозии ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки нуқсонҳои ошкоршударо сари вақт бартараф намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






