Муаррифии барномаи номзад ба мансаби президентӣ
Душанбе, 30 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Дар маҳаллаҳои Зебуннисо, Чиноро 1 ва Чиноро 2, Бинокорон, Чехов, Нисормуҳаммад, Бадахшон-1 ва Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт вохӯрии гуруҳи таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар ҷамъомад Меҳрубон Мирзоева — шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Фраксияи ҲХДТ дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат Абдураҳмон Хонов, раиси Кумитаи иҷроияи /КИ/ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Абдуллохон Қаландаров, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзӣ Қосимова, мувоини раиси КИ-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Комилҷон Шамшеров ва мудири шуъбаи таблиғотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Ҳамида Рӯзиева самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ-ро муаррифӣ намуданд.
Чунин вохӯриҳо дар дигар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт бо иштироки интихобкунандагон ва гуруҳҳои таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ доир гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки 6 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ мардуми Тоҷикистон сарвари давлати худро ба муҳлати 7 соли оянда интихоб менамоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






