Муборизаи беамони КДАМ бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Октябрь 2, 2013 08:21

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муборизаи беамон бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ маҳсуб ёфта, дар чорабиниҳои мақсадноку нишонраси кормандони соҳа ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои алоқаманд ба қочоқ ва интиқоли маводи нашъаовар аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Аврупо садди устувор гузошта мешавад. Дар давраи 9 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 390, 5 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 106,9 килограмм героин, 50 килограмм афюн, 233,6 килограмм ҳашиш мусодира гардидааст. Моҳи сентябри соли равон онҳо силсилаи амалиёти фаврию ҷустуҷӯйиро анҷом дода, аз қочоқчиён 67,8 килограмм маводи нашъадор, аз ин ҳисоб 26,8 килограмм героин ва 40 килограмму 918 грамм ҳашиш мусодира намуданд.Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 11-уми сентябри соли 2013 кормандони Раёсати мазкур дар шоҳроҳи мошингарди «Хуҷанд-Конибодом» амалиёт гузаронида, бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвандон Саидов Сайфуло Фатҳулоевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Кўлоб, муваққатан дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд истиқомат дорад ва Бегматов Бароталӣ Сафармадович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Хуҷанд, собиқ корманди сохторҳои қудратии кишварро боздошт намуданд. Зимни азназаргузаронии бордони нақлиёти сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба Бегматов Бароталӣ тааллуқ дорад, ба миқдори 6 килою 894 грамм героин мусодира карда шуд.Худи ҳамон рўз дар ҳудуди ноҳияи Исфара узви дигари гуруҳи фаромиллии нашъаҷалл шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Тағоев Раҳматбой Умарович, соли таваллудаш 1968, сокини деҳаи Самарқандаки ноҳияи Боткенти вилояти Боткент, ки тибқи маслиҳати пешакӣ маводи мухаддирро аз Саидов Сайфулло ва Бегматов Бароталӣ гирифта, сипас онҳоро ба ҳудуди Қирғизистон бояд интиқол медод, дастгир гардид.Амалиёти дигар низ рўзи 11-уми сентябр гузаронида шуда, аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар шоҳроҳи самти «Хуҷанд-Мастчоҳ» бо гумони нашъаҷаллобӣ дар мошини тамғаи «Опел» шаҳрвандони ҶТ Саидмирзоев Умедҷон Ҷўраевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳраки Бўстони ноҳияи Мастчоҳ, соли 2011 бо дастрасии моддаи 200 қисми 2-и КҶ ҶТ ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст ва Мирзобекзода Ҷовидони Мирзобек, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Табушни ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ боздошт шуданд.Ҳангоми азназаргузаронии дохили воситаи нақлиёт 3 килою 918 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.Дар айни замон нисбат ба қазияҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.

Октябрь 2, 2013 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд