Мулоқоти президент бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Душанбе, 10 октябр (АМИТ «Ховар»). Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори аҳли ҷомеаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти озоду ошкоро ва басо самимӣ анҷом дод.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин гӯшаи баландкӯҳи Тоҷикистони биҳиштосоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои минбаъдаро муайяну мушаххас кард.Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳоло тибқи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» татбиқи 121 лоињаи сармоягузорӣ бо харҷи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ дар назар аст. Таъкид гардид, ки агар дар давоми солњои истиқлолият даромадњои дохилии буҷети вилоят 151 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас аз њисоби буҷети ҷумњуриявӣ барои пўшонидани хароҷоти буҷети вилоят ва пардохти нафақа беш аз 830 миллион сомонӣ субвенсия равона гардидааст. “Танњо соли равон барои дастгирии буҷети вилоят дар њаҷми 72 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо шудааст, ки он 80 фоизи хароҷоти мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии вилоятро ташкил медињад”- зикр намуд Сарвари давлат.Ҳамчунин хотиррасон гардид, ки “танњо соли гузашта сохтмону навсозии беш аз 200 иншооти хурду бузург бо арзиши умумии 380 миллион сомонӣ оғоз гардид, ки то имрўз 80 иншоот ба маблағи 57 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст”.Таъкид гардид, ки “соли равон ҳам корњои бунёдкориву ободонӣ дар вилоят вусъати тоза гирифта, илова ба оғози корњо дар як қатор иншооти нав сохтмон ва тармиму навсозии 185 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 440 миллион сомонӣ идома дорад”.Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои сершумори мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди бонизому устувори минбаъдаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






