Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбари гуруҳи ширкатҳои «Mehmet Сelik»
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарифов бо роҳбари гуруҳи ширкатҳои «Mehmet Сelik» Меҳмет Чилик баргузор гардид.Ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёди корхонаҳои нассоҷӣ, энергетика, кишоварзӣ, сохтмон ва чорводориро мавриди муҳокима қарор доданд.Меҳмет Чилик омодагии гуруҳро ба ҳамкорӣ дар бахши тиҷорату иқтисодиёт иброз дошта, зикр намуд, ки вақтҳои наздиктарин ба шаҳри Душанбе сафар хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки гуруҳи ширкатҳои «Mehmet Gelik» соли 1974 таъсис ёфта ва дар бахшҳои кишоварзӣ, энергетика, сохтмон ва истеҳсоли маводи сохтмонӣ фаъолият мекунанд. Гуруҳи мазкур дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Ироқ ва Арабистони Саудӣ намояндагиҳои худро дорад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






