Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Бургомистри аввали Ҳамбург
Душанбе, 1 октябр (АМИТ «Ховар»).- 30 сентябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Бургомистри аввали Ҳамбург Олаф Шолтс мулоқот анҷом дод. Зимни суҳбат ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳоро миёни Тоҷикистон ва Олмон, аз ҷумла таҳкими алоқаҳои байниминтақавиро бо Ҳамбург ва дигар заминҳои федеролии Олмон мавриди муҳокима қарор доданд. Вазири корҳои хориҷӣ мавқеи худро дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию технологӣ, фарҳангӣ ва маориф баён намуд. Дар ин росто, Ҳамрохон Зарифӣ таваҷҷуҳи ҳамсуҳбаташро ба имкониятҳои васеи сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон ҷалб карда, ба зарурати таҳрики ҳамкориҳои мутақобилаи доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ҳамбург дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ таъкид намуд. Бургомистри аввал ва раиси ҳукумати замини федеролии Ҳамбург ҷараёни инкишофи муносибатҳои Тоҷикистону Олмонро мусбат арзёбӣ кард. Ҳарду ҷониб бар он ақида буданд, ки ҳамкориҳои фаъоли сиёсӣ бояд бо тавсеаи ҳамёрии тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Олмон, аз ҷумла бо роҳи пурзӯр намудани тамосҳои байниминтақавӣ ҳамрадиф бошанд. Ҳамрохон Зарифӣ ва Олаф Шолтс изҳори умед карданд, ки ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Гамбург бо минтақаи консулие, ки заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Голштейнро дарбар мегиранд, барои барқарор намудани робитаҳои кории зич миёни доираҳои манфиатдори ду кишвар, афзоиши табодули мол ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Олмон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Дар фарҷоми мулоқот дар ҳузури вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани Экзекватура ба Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамбург ва Шлезвиг-Голштейн Куруш Пуркиён сурат гирифт. Экзекватураро Бургомистри аввал ва раиси Ҳукумати замини федеролии Ҳамбург Олаф Шолтс супорид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






