Муроҷиати 24 ширкати ватанӣ ба озмуни «Бренди сол»
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- То ба имрўз 24 ширкат барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол», ки таҳти унвони «Қуллаи шараф» аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, арзнома пешниҳод кардаанд.Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ширкатҳо, ташкилотҳо, корхонаҳои хурду миёна, соҳибкорони инфиродӣ мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ба озмуни мазкур то 15 октябри соли ҷорӣ идома дошта, хоҳишмандон метавонанд аризаҳои худро бевосита ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ва ё аз тариқи электронӣ ба сомонаи www.tajpatent.tj пешниҳод намоянд.Ба иттилои манбаъ, ғолибони озмун ҳуқуқи истифодаи нишони «Бренди сол»-ро дар молу маҳсулот ва фаъолияти рекламавӣ пайдо менамоянд. Инчунин шахсоне, ки дар озмун ширкат меварзанд доир ба фаъолияташон дар маҷаллаи махсус маълумот нашр мешавад.Дар баробари ин, ҷоизаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ «Медали тилло» барои Бренди инноватсионӣ низ пешбинӣ гардидааст. Гуфта мешавад, ки натиҷаи озмун дар охири сол бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир хоҳад гашт.Ҳадафи баргузории озмуни мазкур-ин ҳавасмандгардонии ширкатҳо оид ба истифода пешбурди бренд дар фаъолияти худ мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






