Муроҷиатномаи тоҷикистониёни Белгия, Нидерланд ва Люксембург ба ҳамватанон ҷиҳати дастгирии Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 30 октябр (АМИТ “Ховар”).- Тоҷикистон дар остонаи дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ, ки бо интихоботи президенти нави кишвар вобаста ҳастанд, қарор дорад. Рӯйдодҳо ва гапу саволҳои гуногун пеш аз интихобот ба миён меоянд.
Мо мехостем, ки ҳамаи тоҷикистониёни хушфикр пеш аз ҳама фаромӯш накунанд, ки “сулҳ” ва аниқтараш “сулҳ дар Тоҷикистон” чист, кӣ ва чӣ тавр онро ба даст оварда то кунун нигаҳ доштааст.
Ҷанги шаҳрвандӣ – доғи сиёҳ дар “таърихи нави тоҷикон” мебошад, ки онро ҳеҷ чиз аз миён бурда наметавонад ва танҳо вақт метавонад онро дар гузаштаи дур гузорад. Боз муддати дароз оқибатҳои ҷанги мудҳиш ақлу ҳуши мардумро дар ҳаяҷон мемонанд ва ғаму ғуссаи абадии модарон намегузорад, ки писарони аз ҷониби бародарони худ кушташударо фаромӯш кунанд…
Ҳар яки мо набояд фаромӯш кунем, ки маҳз ба шарофати хирадмандӣ, дурандешӣ ва созандагии Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ризоият дар Тоҷикистон дастрас гардид.
Ҳамин тавр мо мехоҳем бигӯем, ки аз самими дил ва ҳаматарафа номзадии президенти ҳозира Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи дарпешистодаи президентӣ дастгирӣ хоҳем намуд.
Дар партави ҳамаи ҳодисаҳои таърихии даҳсолаҳои охир, мо маҳз Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як симои қавии сиёсӣ мебинем, ки метавонад вазифаҳои бузургро оид ба таҳкими минбаъдаи сулҳ ва татбиқи барномаҳои созанда дар Тоҷикистон на танҳо ба муддати даҳсолаҳои оянда, балки ҳатто, метавон гуфт, асрҳои дарпешистода, ҳаллу фасл намояд…
Бинобар ин, ҳеҷ кас наметавонад ҳақиқатан истеъдоди сиёсии президенти моро инкор кунад, ки акнун мақоми “Кафили сулҳ”-ро дорост. Дар ин ҷо, дар хориҷ аз кишвар, президенти моро шаҳрвандони оддии Аврупо хуб медонанд. Вале, ба ҳар ҳол, барои ҳамаи мо як амри ногаҳонӣ буд, ки аврупоиҳои оддӣ президенти моро бо як мафҳум мешиносанд. Дар ин ҷо онҳо ӯро “Ҷаноби сулҳ” (Sir of the peace) меноманд. Таърих ва вақт ҳоло ба ӯ баҳои худро хоҳанд дод ва номи ӯро дар саҳифаҳои худ бо ҳарфҳои заррин хоҳанд навишт.
Тоҷикон ҳамеша созандагон, сохтмончиён, кашфкунандагон ва ташаббускорони корҳои бузург буданд ва хоҳанд монд. Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистони мо зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳо ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид. Барномаҳои созандаи сершумор дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гидроэнергетикӣ татбиқ мешаванд. Асоси рушди ҳамаҷонибаи минбаъдаи кишварро амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, хусусан сохтмони НОБ-и Роғун, инчунин тавсеаи шабакаҳои коммуникатсионӣ бо кишварҳои минтақа ташкил медиҳанд.
Мо ҳамаи тоҷикон ва тоҷикистониёни ҷаҳонро даъват месозем, ки дар атрофи пешвои ҳақиқатан таърихии худ Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шаванд ва талошу имкониятҳои худро ҷиҳати татбиқи нақшаҳои созандаи президенти мо ба хотири беҳбудии кулли миллати тоҷик дареғ надоранд.
Ҷамъияти тоҷикистониёни Белгия, Нидерланд ва Люксембург
Маркази фарҳанги тоҷикон дар ш.Брюссел
ш.Брюссел








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






