Намояндагии ХМ боздошти муҳоҷирони тоҷикро таҳқиқ мекунад
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Гирдиҳамоии сокинони маҳаллӣ дар ноҳияи Бирюлевои шаҳри Маскав муқобили муҳоҷирон боиси тафтишу боздошти оммавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар як қатор бозорҳои меваю сабзавоти шаҳри Маскав гардид. Санаи 14 октябр кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ФР И.Қадамов ва А.Халилов ба ШКД-и Бирюлево омаданд. Мувофиқи маълумоти расида, баъдаз воқеаҳои шаби 13 октябр кормандони мақомоти полиси шаҳри Маскав бештар аз 1200 нафарро дастгир намуда, ба ШКД-ҳои Чертановои шимолию ҷанубӣ ва Бирюлево овардаанд.
Зимни суҳбат бо навбатдори ШКД-и ноҳияи Чертаново маълум шуд, ки дар натиҷаи рейд ба шуъба 40 нафар оварда шудааст. Аз ин танҳо 25 нафарашон шаҳрвандони тоҷик мебошанд. Тавре ки дар суҳбат бо муҳоҷирон маълум гашт, онҳоро кормандони полис, баъд аз тафтиши ҳуҷҷатҳо ва қайди пайи ангуштони даст ҷавоб дода истодаанд.
Ёдовар мешавем баъд аз қатли як ҷавон, сокини 25 -солаи шаҳри Маскав Егор Шербаков, рӯзи 13 октябр дар назди маркази тиҷоратии «Бирюза» бештар аз 3 ҳазор сокини маҳаллӣ гирдиҳамоӣ барпо намуд. Бархе аз гирдиҳамомадагон даст ба бетартибиҳо заданд. Ин ҳолат боиси тафтиши оммавии бозорҳои меваю сабзавоти минтақаи ҷануби пойтахти Русия гашт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Намояндагии ХМ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






