Намояндагони Фраксияи ҲХДТ дар минтақаҳо қарор доранд
Душанбе, 30 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагони Фраксияи Ҳизби Халқӣ -Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ имрӯзҳо дар ҳайати гуруҳҳои муштараки таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронанд. Махфират Хидирова- роҳбари Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадаф аз вохӯрии намояндагони Фраксияи ҲХДТ дар минтақаҳо бо интихобкунандагон тавзеҳи нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Махфират Хидирова ҳамзамон афзуд, ки намояндагони Фраксияи ҲХДТ зимни мулоқот бо мардум доир ба фаъолияти намояндагии худ дар палатаи поёнии Парлумони кишвар гузориш медиҳанд. Инчунин онҳо арзу дархости интихобкунандагонро шунида, ба эътибор гирифта, ҷиҳати ҳалли онҳо ба Парлумон ва мақомоти шаҳру ноҳияҳои кишвар пешниҳод ироа месозанд. Роҳбари Фраксияи ҲХДТ гуфт, ки вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо интихобкунандагон аз 26 октябр шуруъ гардида, то 4 ноябр идома меёбад. Бояд тазаккур дод, ки аз 63 вакили палатаи поёнии Парлумони кишвар 45 нафараш аъзои ҲХДТ мебошанд. ҲХДТ соли 1994 таъсис дода шуда, алҳол дар сафи худ беш аз 230 ҳазор нафарро муттаҳид сохта, роҳбарии онро Президенти феълии кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






