Намояндагони МОИ «Суғд» дар Форуми Осиёи Марказӣ

Октябрь 11, 2013 11:03

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Қосимова). – Бо  ибтикори  Лоиҳаи  USAID (ЮСАЙД)  оид ба  ҳамкории иқтисодии  минтақавӣ  чанде  пеш дар   шаҳри  Алмаатои Ҷумҳурии  Қазоқистон Форуми  сеюми  тиҷоратии Осиёи Марказӣ   дар  мавзӯи  «Рақобатпазирии  содиротии  кишварҳои Осиёи  Марказӣ»  ба  кораш  шурӯъ  намуд. 
 
Аз  ҷониби  Тоҷикистон  дар  кори  форум   намояндагони   ниҳодҳои  Минтақи  озоди  иқтисодии  «Суғд»  ширкат  доранд. 
 
Дар  ҳошияи   форум   намоишгоҳи  тиҷоратӣ  таъсис  ёфтааст, ки  иштирокдорони  ин  чорабинӣ  маҳсулоти  худро  дар  он  намоиш  медиҳанд. 
 
Дар  ин  бора  аз  маркази  матбуоти Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд»  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.

Октябрь 11, 2013 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш