Нашри китоби «Шириншох Шоҳтемур дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон»
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Солех).- Нашриёти “Дониш”- и Академияи илмҳои Точикистон китоби «Шириншоҳ Шоҳтемур дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон»-ро ба нашр расонид. Он ба қалами рӯзноманигор ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Қурбон Аламшоев тааллуқ дошта, зери таҳрири муаррихи саршинос Ҳайдаршоҳ Пирумшоев ба нашр расидааст. Асар ба забони русӣ буда, дар ҳаҷми 17 ҷузъи чопӣ ва бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромадааст. Он ба 115- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки соли оянда ҷашн гирифта хоҳад шуд, бахшида шудааст. Дар ин асари монографӣ бори нахуст кӯшиши ба таври васеъ омӯхтани ҳаёти кӯтоҳ, вале пурмазмуни Шириншоҳ Шоҳтемур ба харҷ дода шуда, хизматҳои ҳаққонии қаҳрамони миллат баҳои илмӣ гирифтаанд. Барои беҳтар ба хонандагон намоиш додани чеҳраи таърихии Ш.Шоҳтемур ҳамчунин аз корҳои таҳқиқотии арсаи таърих, маводи васоити ахбори омма дар солҳои 20-30-юми асри гузашта, ҳуҷҷатҳои муҳими давлатии сатҳи ҷумҳурӣ ва собиқ шӯравӣ ба таври фаровон ва самаранок истифода шудаанд. Муаллиф дар асоси далелҳои дақиқи таърихӣ кӯшидааст роҳи пурпечутоби шахсӣ ва сиёсии Шоҳтемурро равшан созад. Ҷузъиёти ҳаёти шахсии ин қаҳрамони тоҷик муайян шуда, чӣ тавр ташаккул ёфтани ҷаҳонбинии сиёсии вай амиқан таҳлил гардидааст. Бори нахуст хидматҳои бемисоли Ш.Шоҳтемур дар таъсиси нахустин давлати тоҷикон баъд аз аҳди Сомониён ба қалам дода шуда ширкати Шоҳтемур дар табдили ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттифоқӣ пурра нишон дода шудааст. Дар гирди қаҳрамони миллат тасвири илмии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 20-30-юми қарни пештара сурат гирифтааст. Дар ин монография, ки аз се боб иборат аст, таърихи халқи тоҷик-маскунони Помир ва Бухорои Шарқӣ дар арафаи Инқилоби Октябр, ғалабаи Инқилоби Октябр дар Туркистон, таърихи таъсиси Тоҷикистони мухтор ва Ҷумҳурии мустақил, бунёд ва рушди пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе оварда шудааст. Китоб барои муҳаққиқон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






