Натиҷаи иҷрои Буҷети давлатӣ тайи 9 моҳ
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 14 октябр дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати молияи ҷумҳурӣ натиҷаи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли 2013 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Мувофиқи маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷаласа баробари масъалаи зикршуда мавзӯи тасдиқи як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки фаъолияти судманди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, ҳамчунин риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму оин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҳокима шуд.
Муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев натиҷаи ҳайати ҷаласаро ҷамъбаст намуда, барои сари вақт ва хушсифат иҷро шудани Буҷети давлатӣ дар семоҳаи чорум ва умуман дар соли 2013 ба кормандони масъули низоми Вазорати молияи кишвар супоришҳои мушаххас дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






