Низоми нави интиқоли маблағҳо бо пули миллӣ аз «Амонатбонк»
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Шурӯъ аз дирӯз, 2-юми октябри соли ҷорӣ дар Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» низоми нави интиқоли маблағҳо бо пули миллӣ таҳти унвони «Дастрас» мавриди истифода қарор гирифт, ки ин низоми интиқол бевосита дар дохили ҷумҳурӣ фаъол аст. Тавре ки дар ин бора аз Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» хабар доданд, идораи технологияи иттилотӣ ва Идораи ҳисоббаробаркунии бонк тасмим гирифтанд барномаи нави интиқоли маблағҳо бо пули миллиро тарҳрезӣ намоянд. Дар раванди иҷрои супориши роҳбарияти бонк оғоз аз таърихи 2-юми октябри соли ҷорӣ низоми интиқоли нав бо пули миллӣ «Дастрас» мавриди истифода қарор гирифт. Ёдрас мешавем, ки низоми мазкур бевосита дар дохили ҷумҳурӣ фаъол буда мизоҷони «Амонатбонк» ва ҳамчунин дигар бонкҳои ҷумҳурӣ бевосита метавонанд аз он истифода кунанд. Низоми интиқолии «Дастрас» бо фоизи паст (0,5%) дар хизмати мардум буда, минбаъд мизоҷон метавонанд бе мамониат аз дилхоҳ бонк ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон маблағҳои худро ба низдикону пайвандонашон интиқол диҳанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






