Оғози Анҷумани ҳамкории Корея бо Осиёи Марказӣ дар Бишкек
Душанбе, 4 октябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 4 октябри соли 2013 дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳри Бишкек 7-умин анҷумани ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Дар кори Анҷуман ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов иштирок дорад. Ба ҳайати Тоҷикистон инчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист шомиланд. Дар доираи анҷуман роҳбарони ҳайатҳо бо маърузаҳои барномавӣ роҷеъ ба самтҳои асосии ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея суханронӣ хоҳанд кард. Ба кори анҷуман ҷаласаҳои махсус ворид шудаанд, ки мавзуъҳои ҳамкории Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои саноати бофандагӣ бо истифода аз захираҳои табиӣ ва инсонии Осиёи Марказӣ, сохтмони роҳи оҳан ва навсозии нақлиёт, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи ҷангалпарварӣ бо мақсади барқароркунии ҷангалзор ва нигоҳдории гуногуншаклии табиатро дарбар мегиранд. Анҷуман соли 2007 дар шаҳри Сеул бо мақсади таҳкиму инкишофи ҳамкориҳо миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Корея бунёд гардида, ҳар сол дар сатҳи шахсони воломақоми давлатҳои иштироккунанда барпо мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешбурди муколама байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ба манзури рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо, ки ба манфиати ҳамаи халқҳои минтақа ва инкишофи ҳамаҷонибаи кишварҳои иштироккунанда равона гардидаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






