Оғози боздиди Сарвари давлат аз ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи Исфара
Душанбе, 12 октябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Дар оғози сафар Сарвари давлат ба ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ менамояд.
Зимни боздид аз ин ҷамоатҳо, аз ҷумла як мактаб барои 720 хонанда дар 2 баст, 2 варзишгоҳ бо толорҳои варзишӣ, як корхонаи коркарди мева ва 2 коргоҳи дӯзандагӣ мавриди истифода қарор мегирад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз чанд хоҷагии деҳқонӣ ҳам дидан карда, бо кори кишоварзони ноҳия бевосита шинос мешавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иншооти зиёди дигарро дар маркази шаҳри Исфара, аз ҷумла варзишгоҳи марказии онро, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст аст, як корхонаи коркарди меваи хушк, 2 маркази хизматрасонӣ, коргоҳҳои дӯхти либос ва пойафзол ва филиали Тоҷиксодиротбонкро ифтитоҳ намуда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






