Оғози кори Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 9 октябр (АМИТ «Ховар»).-9 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон кори худро шуруъ намуд, ки дар кори он ҳамчунин Котиби генералии СҲШ ширкат дорад.
Субҳи ҳамин рӯз ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзо ва Котиби генералии СҲШ-ро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ қабул намуд.
Дар вохӯрӣ роҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ин давраи дуюми раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони мазкур аз лаҳзаи таъсиси СҲШ ба ҳисоб меравад. Вазири корҳои хориҷӣ шиори раисиро таҳти унвони — “ҳамкорӣ, ҳамрушдӣ, ҳамшукуфоӣ” эълон намуд ва дар бораи мавзуъҳои муҳими раисии Тоҷикистон дар СҲШ маълумот дод. Ҳамрохон Зарифӣ зикр намуд, ки кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон, ки бешубҳа, дар рушди ин Созмон саҳми арзанда мегузорад, минбаъд низ ба таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд миёни давлатҳои аъзои созмон, баланд бардоштани эътибори СҲШ дар корҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона хоҳанд шуд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи раисии гузаштаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар СҲШ баҳои баланд дода, ба ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷониба аз тарафи давлатҳои аъзо дар давраи раисии Тоҷикистон дар ин созмон изҳори умед намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






