Оғози навсозии роҳҳои маҳаллии ноҳияи Фархор ва ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ
Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштирок Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба навсозии роҳҳои маҳаллӣ оғоз бахшида шуд.Тавре зикр гардид, дар муддати як соли оянда бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, аз ҷумла Ғуломалӣ Бояков, Бекмурод Шарипов, Акбаршо Неъматов ва Диловар Муҳиддинов 23 км роҳҳои маҳаллӣ навсози мешаванд.10 км роҳ аз ҷониби танҳо Диловар Муҳиддинов, ки соҳибкори тоҷик дар Федератсияи Русия мебошад, навсозӣ хоҳад шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки навсозии роҳҳои маҳаллӣ бояд марҳила ба марҳила идома дода шавад.Дар маркази ноҳияи Фархор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Тавре аён гардид, бинои нави мақомоти маҳаллии ин сохтори давлатӣ дорои шароити хуби корӣ буда, ба тамоми талаботи кор дар ин соҳаи басо муҳим мувофиқ аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






