Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон
Душанбе, 21 октября (АМИТ «Ховар»).- Имрўз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Маросими истиқболи расмӣ дар саҳни ҳавлии назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ дар майдон саф оростанд.Меҳмони олимақомро дар назди Қасри Миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари фахрӣ даъват намуд.Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳарду давлат аз назди қатори сарбозон ва шиносоии мутақобила бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт. Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






