Оғози сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёна дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи дараҷаи 5 ситора оғоз бахшид.Ин меҳмонхона ҳам аз ҷиҳати баландӣ ва ҳам дараҷаи байналмилалии 5 ситора дар шаҳри Кӯлоб нахустин хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, ин меҳмонхона дорои 200 ҷойи хоб буда, бо харҷи 8,2 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадсодиқ Кулулов дар зарфи 2 соли оянда, яъне то ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёд ёфта, ба як гӯшаи шаҳри Кӯлоб симою зебоии тоза зам менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






