Омодагии ҷамъияти тоҷикони Толятти ба интихоботи Президенти ҶТ
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҷамъияти маданӣ — автономии тоҷикони шаҳри Толяттии вилояти Самараи Федератсияи Русия «Ватан» барои интихоботи Президенти мамлакат омодагии ҳамаҷониба дида истодааст.Тавре ки дар суҳбат бо намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ , раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толятти Шароф Азимов иброз дошт, дар айни замон як участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Зиёда аз ду ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Толятти ва ноҳияҳои атрофи он фаъолият менамоянд, таърихи 6 ноябри соли ҷорӣ муташаккилона омада, ба номзади муносиби худ овоз медиҳанд. Дар ин самт корҳо ҷараён доранд.Бояд тазаккур дод, ки Ҷамъияти маданӣ-автономии тоҷикони шаҳри Толятти 500 нафар аъзо дошта, ҳар як корманди масъули он бо корҳои омодагӣ машғуланд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






