Пазироии сафирони Белгия, Финляндия ва Чехия
Душанбе, 4 октябр (АМИТ «Ховар»).- 3 октябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Финляндия Никлас Линдквист, Ҷумҳурии Чехия Гинэк Пэйха ва Шоҳигарии Белгия Мишел Петермансро ба муносибати супоридани нусхаи эътиборномаҳо ба ҳузур пазируфт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафиронро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати татбиқи фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно кард. Ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд. Зикр шуд, ки ҷонибҳо ҷиҳати инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарикӣ дар соҳаҳои мухталиф кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳ. Зарифӣ сатҳи муносибатҳои сиёсии дуҷонибаро миёни кишварҳо баланд арзёбӣ карда, ҳамзамон ба зарурати таҳкими муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ишора намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






