С. Наришкин: «Пешниҳоди раиси ММ шоистаи дастгирист»

Октябрь 8, 2013 10:01

Душанбе, 8 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Робитаҳои ҳар ду кишвар дар партави муносиботи ҳасанаи роҳбарияти олии давлатҳо тақозо менамояд, ки ҳамкории сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байнипарлумонии байни Русию Тоҷикистон беш аз пеш ба нафъи халқҳои ҳар ду давлат тавсеа ёбанд». Ин матлабро Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар мулоқоташ бо Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Русия иброз дошт. М. Убайдуллоев зикр кард, ки сафари ҳайати баландпояи парлумонии Русия ба Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои судманди Тоҷикистону Русия такон хоҳад дод. Зикр шуд, ки дар марҳилаи феълии ҷаҳонишавии муносибатҳо ҳамкории иқтисодӣ, хусусан ҷалби сармояи Русия дар амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, татбиқи тадбирҳои муштарак ҷиҳати таъмини амнияти минтақа, ҳифзи сарҳад, муборизаи дастаҷамъона дар мавриди ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм вусъат бахшида шавад. М. Убайдуллоев ҳамкории гуманитари фаъолияти мустақими филиали донишгоҳҳои Русияро дар мавриди тарбияи мутахассиони маҳаллӣ дар Тоҷикистон ба манфиат арзёбӣ намуд. Раиси Маҷлиси миллӣ бо истифода аз ҳузури Константин Ромодановский — сардори Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия зарурати андешидани тадбирҳои иловагиро ҷиҳати танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар ҳар ду кишвар махсус таъкид сохт. Ҳамзамон дар масъалаи зиёд намудани теъдоди мактабҳои русӣ ва ба роҳ мондани курсҳои омӯзиши забони русӣ барои мактабиён ва шаҳрвандон дар кишвар табодули назар кард. Сергей Наришкин афзуд, ки пешниҳодоти раиси Маҷлиси миллӣ шоистаи дастгирист ва ҷонибҳо барои расидан ба ин ҳадафҳо тамоми тадбирҳои судмандро хоҳанд андешид.

Октябрь 8, 2013 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид