Садамаи фоҷиабор
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Суръати баланд, сабқати бемавриду риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳамеша фалокату нохушиеро дар пай дошта, метавонад боиси фоҷиа ва содир гардидани садамаҳои марговари нақлиётӣ гардад. Аз ҷумла, шаби гузашта дар хиёбони Рӯдакии пойтахт садамаи нақлиётие рух дод, ки бар асари он се нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар маҷруҳ гардиданд. Ронандаи мошини тамғаи «BMW» ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Рӯдакӣ ба тарафи кӯчаи И. Сомонӣ дар чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ- Шоҳмансур, ба муқобили самти ҳаракат мебарояд, ки дар натиҷа ба мошини тамғаи ВАЗ 21-014 , ки аз кӯчаи Шотемур ба самти кӯчаи Шероз ҳаракат мекард, бармехӯрад.
Дар натиҷаи ин бархӯрд, ронандаи мошини тамғаи ВАЗ 21-014 ва ду мусофири дохили он бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гунаҳкорони садамаи марговар муайян карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






