Санҷиши 48 арзу шикояти шаҳрвандон аз тариқи телефони «Боварӣ»
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар моҳи сентябри соли равон 48 арзу шикояти шаҳрвандон аз тариқи телефони «Боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ ворид гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ВКД хабар дод, аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридгардида дар айни замон санҷиши қисми зиёди онҳо ба анҷом расида, хулосаи он ба шаҳрвандони шикоятнамуда ирсол гардидааст, ҳоло санҷиши далелҳои дигари воридгардида ба таври воқеъбинона идома дорад.Аз шумораи умумии маълумотномаҳои воридгардида 20 хабар ба самти фаъолияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вобаста аст.Аз ҷумла, тавассути телефони «Боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ шикояти шаҳрванд Саидмуъмин Маҳмадуллоев оид ба пахш кардани кӯдаки 12-солааш аз ҷониби ронандаи мошини тамғаи «Опел-вектра», рақами қайди давлатиаш ВО 79-39 РТ 01 Далер Шаҳобиддинов ворид гардид. Тибқи шикояти ӯ ронандаи мазкур дар ҳолати мастӣ қарор дошта, кӯшиши аз ҷойи ҳодиса фирор намуданро кардааст, аммо шоҳидони ҳодиса ба ӯ монеъ шуда, ба қисми навбатдории РБДА хабар додаанд. Дар натиҷаи санҷиши воқеъбинона нисбат ба шаҳрванд Шаҳобиддинов Далер Сироҷиддинович бо моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардид ва дар айни замон тафтишоти он идома дорад.Хотиррасон менамоем, ки телефони «Боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ҳар нафар метавонад бе восита ба он занг зада, оид ба ҳама гуна қонуншиканӣ, бахусус ҷиноятҳои вазнин, аз қабили таҳрибкорӣ, ҷиноятҳое, ки хусусияти коррупсионӣ ва ё террористӣ доранд, одамкушӣ, одамрабоӣ ва инчунин нисбат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод ва арзу шикоятҳои худро иброз намояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






