Шиносоӣ бо фаъолияти намунавии хоҷагии деҳқонии Сабзи шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).- Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ибратбахши аъзои хоҷагии деҳқонии Cабзи шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дорои 300 га замин буда, дар 185 га пахта, 50 га ғалладона, 2,5 га сабзавот кишт намудааст. Дар майдони 36 га боғи намунавии меваҳои содиротӣ бунёд намудаанд, ки дар миёни қаторҳои он низ пахта кишт шудааст.Хоҷагӣ 420 аъзо дорад ва аксари онҳо деҳқонону боғпарварони моҳир мебошанд. Аз ҳар гектар заминҳои пахтаашон то имрӯз ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил ғун доштаанд ва имкони ҷамъоварии беш аз ин ҳанӯз мавҷуд аст.Роҳбари хоҷагӣ Нуралӣ Шарипов аз фоидаи зиёди корҳои кишоварзии хоҷагӣ изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки азм доранд барои кӯдакони аъзои худ ва мардуми деҳоти наздик як бинои зебои кӯдакистон бунёд намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






