Шиносоӣ бо рафти сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе
Душанбе, 2 октябр (АМИТ «Ховар) .- Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки бо ангишт кор хоҳад кард, ташриф оварда, бо рафти корҳо бевосита шинос шуд.Тавре аён гардид, корҳо барои сохтмону таҷҳизи ин корхонаи азими саноатӣ шабу рӯз ва бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои масъулин навбати якуми он бо иқтидори 50 мегаватт нерӯи барқ то охири ҳамин моҳ ба кор дароварда мешавад.Навбати дуюмаш низ то моҳҳои феврал – марти соли 2014 бояд ба кор омода гардида, иқтидори барқтавлидкунии он ба 100 мегаватт мерасад. Хотиррасон бояд намуд, ки оянда иқтидори ин марказ бо 4 агрегат ба 200 мегават хоҳад расид.Навбати якуми маркази барқу гармидиҳии мазкур зимистони пешомад пурра кор намуда, ғайр аз истеҳсоли нерӯи барқ метавонад то 1,3 миллион метри мураббаъро бо гармӣ таъмин намояд.Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар сохтмони ин марказ 1550 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Намояндаи роҳбарияти ширкати чинии ТВЕА изҳор дошт, ки онҳо “ба ҷалби ҳарчи бештари коргарон аз Тоҷикистон ҳавасманд мебошанд, вале хоҳишмандон аз сокинони маҳаллӣ зиёд нестанд”. Ӯ бо ёдоварӣ аз ҳаҷми маоши бинокори оддӣ, ки 2500 сомониро ташкил медодааст, мутахассисону коргарони соҳаи сохтмони Тоҷикистонро ба кор даъват намуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти сохтмон изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки марказ бояд дар муҳлатҳои муайяншуда бо сифати баланд ба кор дароварда шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






