Шиносоии Сарвари давлат бо фаъолияти кишоварзони ҳоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ
Душанбе, 12 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ибратбахши аҳли заҳмати он бевосита шинос шуд.Тавре аён гардид, деҳқонони ин хоҷагӣ ҳар ваҷаб замини корамро пурсамар истифода мебаранд. Дар миёни қаторҳои боғи навбунёд ғаллаи тирамоҳӣ кишт намудаанд ва умед доранд, ки аз ҳар гектараш 82 сентнерӣ ҳосили гандум бардоранд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Исфара, хусусан ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, зиёдтарин ҳосили ғалладона дар ҷумҳурӣ рӯёнда мешавад. Кишти такрорӣ низ васеъ ба роҳ монда мешавад. Аз ҳар гектар мошу лӯбиё, ки кишти такрорӣ аст, умеди бардоштани 11 сентнерӣ ҳосил доранд.Аз шиносоӣ бо боғи навбунёди себи тирамоҳии хубонӣ аён гардид, ки ин намудҳои себ низ дар Чоркӯҳ хуб парвариш меёбад. Дар миёни қаторҳои ин боғ низ ғалладона кишт намудаанд, ки ҳосилаш фаровон хоҳад буд.Дар ин ҷо кишоварзони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ маҳсули заҳмати худро ба маъраз гузоштанд. Тавре аён гардид, аҳли заҳмати ин ҷамоат дар парвариши анвои гуногуни меваю сабзавот, коркарди саноатӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар таҷрибаю маҳорати ибратомӯз доранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






