Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ
Душанбе, 29 октябр (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ намоиш дода шуд.Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми бешумори Кӯлобшаҳри бостонӣ, ки ба ин муносибат ҷамъ омаданд, суханронӣ намуд.Бо ёдоварӣ аз таърихи шуҳратманди бостонӣ ва муосири шаҳри Кӯлоб, саҳми мардуми ғаюру ватандусти ин мулки файзбор дар таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллии кишвар ва ҳамчунин аз раванди ибратбахши ободонию созандагии имрӯзааш изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ нақши фарзандони фарзонаи ин куҳандиёр дар рушду нумуи Тоҷикистони азиз намоён ва арзандаи таҳсину қадрдонӣ хоҳад буд. Бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ, ки бо иштироки устодони санъати кишвар ва ҷавонону наврасони ояндадори ҷодаи санъат ҷараён гирифт, ин варзишгоҳи бузург ба як базмгоҳи бошукӯҳи идона ва тантанаи вахдату ягонагӣ, сулҳу субот, рушду нумуъ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз табдил ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






