Тӯйи хайрияи дастаҷамъонаи 100 кӯдак ва 15 ҷуфти ҷавон дар гулгашти Исмоили Сомонии шаҳри Исфара
Душанбе, 12 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар гулгашти Исмоили Сомонии шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хайрияи 100 писарча ва 15 ҷуфти ҷавони навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд дастаҷамъона ба роҳ монда шуд.Чунонки аён гардид, гулгашти Исмоили Сомонии шаҳри Исфара бо пайкараи боҳашамати асосгузори нахустин давлати бузурги тоҷикон – Сомониён ба як макони зебою дилнишини сайру тамошои сокинону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ табдил ёфтааст. Дар ин макони зебо ва хусусан бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани тӯй дар хотири ин кӯдакону навхонадорон ва наздикону пайвандонашон нақш баста, боиси ифтихору сарфарозиашон хоҳад гашт.Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як кӯдак яктогӣ телевизору дучарха ва ба ҳар ҷуфти ҷавон яхдону телевизор ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ба ҳамаи онҳо, ҳамчунин кумаки яквақтаи молиявӣ расонда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






