Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон

Октябрь 23, 2013 11:35

Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). -Имрӯз бо ташаббуси Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Китобхонаи миллии ҶТ конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмиллалии мақомоти давлатӣ ва марказҳои таълимӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон» баргузор гардид. Дар кори конфронс раис ва аъзои Комиссияи байниидоравӣ, сафирони ИМА, Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Туркия, Созмони байналмиллалии муҳоҷират, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ташкилоти ЮСАИД, як силсила ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ширкат доштанд.
    Дар ҳошияи конфронси мазкур таҷрибаи миллии ҶТ дар самти мубориза бо савдои одамон мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифта, ҳамзамон намояндагони давлатҳои иштирокчии конфронс доир ба нозукиҳои ин самти кор байни худ табодули таҷриба намуданд.
  Зикр  шуд, ки дар ВКД воҳиди махсуси мубориза бо хариду фурӯши одамон таъсис дода шуда, бо мақсади расонидани кӯмак ба қурбониёни чунин намуди ҷинояткорӣ марказҳои дастгирӣ ва кӯмак  ба қурбониёни савдои одамон ташкил  шуданд.
    Бо мақсади такмили қонунгузории амалкунанда дар доираи фаъолияти Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон лоиҳаи қонунҳои ҶТ «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» таҳия гардид.
   Зарурати қабули лоиҳаи қонунҳои мазкур дар он аст, ки аз рӯзи қабули қонуни амалкунандаи ҶТ «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» 8 сол сипарӣ гашта, дар ин давра таҳдидҳои нав пайдо шудаанд ва шахсони ҷиноятпеша зимни содир гардидани ҷиноятҳо аз тарзу усулҳои муосир ба таври васеъ истифода мебаранд.
     Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аввалин шуда дар миқёси Осиёи Марказӣ 15 июли соли 2004 санади меъёрии махсус, яъне Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон»-ро қабул  намудааст.
     Баргузории конфронси имрӯза  дар самти мубориза бо савдои одамон ва омода намудани мутахассисон барои фаъолият дар ин соҳа заминаи хуб гузошт.

Октябрь 23, 2013 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд